Ссылки доступа

Узбекистон барои бонувони афғонистонӣ 160 квота ҷудо кард


Вазорати маорифи Узбекистон ва Бунёди “Education Above All”-и Қатар 9 сентябр дар шаҳри Давҳа дар бораи таҳсили бонувони афғонистонӣ дар бахши тиб созишномаеро ба имзо расондаанд.

Бар асоси ин созишнома, 160 бонуи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои тиббии Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.

Қисми бештари харҷҳои ин тарҳро “Education Above All” пардохт мекунад.

Ин бунёд гуфтааст, барои таҳсил, ҷои зист ва харҷҳои дигари лозимии бонувони афғонистонӣ 2,2 миллион доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG