Чанде қабл Достиёров хабар дод, ки ӯ ва ҳамкораш Дана Сарсенбойро ба додситонӣ даъват кардаанд. Онҳо ба "Вайрон кардани шартҳои баргузории назарпурсӣ дар робита ба интихобот" гумонбар мешаванд.
Навори назарпурсӣ дар саҳифаи Достиёров дар шабакаи Ютуб нашр шуда буд.
Алмосодам Саткалиев, вазири энержии Қазоқистон 27 август дар ҷаласаи ҳукумат хост, лоиҳаи қарор дар бораи баргузор кардани раъйпурсӣ барои бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар он кишвар ба баррасӣ гирифта шавад.
Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон эълом кард, ки ин раъйпурсӣ 6 октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.
Тоқаев баъди нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.