Ссылки доступа

Ҳалокати як сарбози қазоқ дар ҷараёни тамрин


Дар ҷараёни тамрини низомӣ дар майдони “Оймаша”-и вилояти Манғистауи Қазоқистон 7 сентябр як сарбози 19-сола ҷон бохтааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати дифои Қазоқистон иттилоъ доданд, ки сарбоз дар натиҷаи “вайрон кардани қоидаҳои истифодаи силоҳ" ҷароҳати вазнин бардошта, ҷон бохтааст.

Падари сарбоз бо нашри як муроҷиати видеоӣ дар Интернет гуфтааст, ба фарзияи мақомот, ки мегӯянд, писари ӯ дар як “ҳодисаи нохуш” ҷон бохтааст, бовар надорад.

“Ба ҳавзаи низомии Актау меравам. Дар онҷо бо тапонча ба рӯй писарам парондаанд. Мегӯянд, ин як ҳодисаи нохуш буд. Гӯиё ӯ бо тапонча бозӣ карда, ба рӯяш парондааст. Инҷо ҳодисаи нохушуе нест”, - изҳор доштааст ӯ.

Мақомот танҳо хабар доданд, ки дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст. Ҷузъиёти қазия ошкор карда намешавад.

XS
SM
MD
LG