Талабшо Алиназаров, яке аз пайвандони Муродалӣ (дар ҳуҷҷат Саидзода Фирдавс Лугмон), мегӯяд, то замони бенишон шудан ӯ бо хонаводааш суҳбат мекард ва ният дошт, ки ба Тоҷикистон баргардад.
"Якбора гум шуд. Бист рӯз пеш аз нопадидшавӣ ба хона пул фиристода буд. Яккаписар аст. Падараш фавтидааст. Модараш баъд аз бенишон шудани Муродалӣ ду бор сактаи қалбӣ гирифт, дар беморхона бистарӣ шуд," -- нақл кард Талабшо Алиназаров.
Модари Муродалӣ чор моҳ аст, ки чашм ба роҳи ӯст
Ба нақли пайвандон, Муродалӣ зимистони гузашта дар бозори “Садовод”-и Маскав кор мекард. Бо гармтар шудани ҳаво дар наздикии фурудгоҳи “Домодедово” кори дигар ёфта, мехост ба онҷо равад.
Талабшо Алиназаров мегӯяд, Муродалӣ 30-юми апрел аз хонаи иҷора баромада, аз он замон бедарак аст. Касе намедонад, ки ӯ дар куҷост.
"Мо ҳам беаҳамиятӣ карда, дар аввал суроғ накардем, ки ӯ дар куҷост. Аз Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Дараке нест. Намедонем зинда аст ё мурда. Дар шуъбаи корҳои корҳои дохилии ноҳияи Митиши ба ҷустуҷӯ додем. То ҳол хабаре нест,” -- гуфт Талабшо Алиназаров.
Муродалӣ бо модар, ҳамсар ва чор фарзандаш дар деҳаи Вистани дараи Ромити шаҳри Ваҳдат мезист. Хонавода роҳи Муродалиро мепоянд. Вай бори охир чор сол пеш ба Тоҷикистон омада буд.
"Баъд аз “депорт” шудан, ному насабашро дигар карда буд. Намехост ба Тоҷикистон равад, чун мумкин сирраш ошкор ва бори дигар ронда шавад. Ният дошт, хонаҳояшро таъмир кунад, баъд ба ватан равад," - гуфт Талабшо Алиназаров.
Ҳоло хешовандон ӯро меҷӯянд ва аз муҳоҷирон, мақомоти Тоҷикистону Русия барои пайдо карданаш мадад мехоҳанд.
Шафоат Неъматова, ҳамсари ин муҳоҷири гумшуда, мегӯяд, паёмакрасонҳои телефони шавҳараш гоҳу ногаҳ соатҳои 2-3-и шаб рӯшан мешаванд, аммо ба паёмҳо посух намедиҳад. Неъматова гуфт, фарзандонаш пайваста падарро суроғ мекунанд.
“Бачаи хурдиам ҳар боре ҳавопаймо гузарад, мепурсад, “додом кай мебиёяд?” Чор моҳ шуд занг намезанад. Ин хел набуд, дар як рӯз чанд маротиба занг мезад, шабҳо занг мезад,” – мегӯяд Шафоат Неъматова.
Муродалӣ пеш аз бедарак шудан ба хонаводааш ваъда додааст, ки “то 2-3 моҳи дигар ба Тоҷикистон меояд”. “Мо ҳамин қадар диламон пур аст, ки телефонҳояш кор мекунанд. Интернеташ яке фаъол мешавад, баъди як моҳ ду моҳ, боз хомӯш мекунад. Ҳамин қадар диламон пур аст, ки зинда аст”, - гуфт Шафоат Неъматова.
Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия бедарак мешаванд. Қудратулло Юсуфов, як шаҳрванди Тоҷикистон, дар соли 2018 дар Русия нопадид шуд ва пайвандонаш дигар ӯро пайдо накарданд.
Қудратулло Юсуфов бори ахир ба падараш телефонӣ гуфтааст, ки пулис ӯро дастгир кард ва бо ҳамин бедарак шуд. Мақомоти пулиси Русия аз қазия бехабарӣ карданд. Мақомоти тоҷик низ ин ҳолатҳоро рад намекунанд ва мегӯянд, баъзе аз муҳоҷирон дар зиндон буданд ва шуморе бо сабабҳои гуногун аз тамос бо наздикон худдорӣ мекарданд.
Ҳар сол садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия рафта, дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд ва барои хонаводаҳои худ пул мефиристанд. Омори дақиқи муҳоҷирони нопадидшуда вуҷуд надорад.