Ин хабарро раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумони Қирғизистон Чолпон Султанбекова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст.
Ба гуфтаи Султанбекова, дар ин бора дархост ҳам ба порлумони Қирғизистон ворид шудааст.
"Ман ин номаро субҳ дидам. Вале он бояд нахуст дар сатҳи ҷиноҳҳо, раҳбарони онҳо ва сипас барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод карда шавад", - изҳор доштааст ӯ.
Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол дар онҷо зиндагӣ мекунанд.
Оқоев соли 2021 ду бор барои "посух гуфтан" ба суоли муфаттишон дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" ба Қирғизистон омада буд.
Қирғизистонро дар солҳои истиқлол 5 президент роҳбарӣ кардааст, аммо танҳо ду тан аз онҳо - Роза Отунбоева ва Сооронбой Ҷеенбеков - мақоми президенти собиқро доранд. Ин мақом ба онҳо дахлнопазирӣ ва имтиёзҳоеро медиҳад.