“Маҷлиси шаҳрӣ қарор кард, ки бошгоҳ ба шаҳрдорӣ дода шавад. Баъди ба иҷро даромадани қарор бошгоҳи варзишӣ дар ихтиёри Кумитаи варзиши шаҳрдорӣ қарор мегирад”, - гуфтааст сухангӯи ҳукумати шаҳри Ӯш Жумамидин Сулаймонқулов ба бахши қирғизии Радиои Озходӣ.
Бино ба манбаъҳои боз, бошгоҳи варзишии “Эрем” ба номи Руслан Матраимов расман сабт шудааст.
Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" ҳабс кардаанд. Се бародари Матраимов - Руслан, Тилек ва Исломбек ҳам дар ҳабс мебошанд.
Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.
Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.