Гуруҳи “KAZ Minerals”, ки шахтаи Иртишро дар Қазоқистон идора мекунад, гуфтааст, “бино ба маълумоти пешакӣ, кормандон аз газ заҳролуд шудаанд”.
“Барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса комиссияи махсус ташкил шудааст. Раиси Шӯрои мудирони Гуруҳи “KAZ Minerals” Олег Новачук ба шахтаи Иртиш рафтааст”, - омадааст дар иттилоияи “KAZ Minerals”.
Новачук тавассути ширкати “Nova Resources B.V” 36,5 дарсади саҳмияҳои “KAZ Minerals Ltd”-ро дар ихтиёр дорад.