Ссылки доступа

Душанбе ва Остона имкони интиқоли барқро аз "Роғун" баррасӣ карданд


Тоҷикистону Қазоқистон имкони интиқоли барқро аз неругоҳи "Роғун" баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати энержии Қазоқистон хабар додааст, ки ин масъала дар доираи мулоқоти вазири энержии Қазоқистон Алмасадам Саткалиев бо муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода баррасӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2023 Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар он интиқоли барқ аз неругоҳи "Роғун" дар давраи аз соли 2023 то соли 2032 пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки то 15 октябри соли 2024 имконияти имзои созишномаҳо бо ташкилотҳои манфиатдор барои танзими интиқолҳои ғайринақшавии нерӯи барқ миёни низомҳои энержии Осиёи Марказиро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG