Расонаи "Newsweek" бо истинод ба иктишофҳои Куриёи Ҷанубӣ хабар дода, ки дар дохили контейнерҳо силоҳ буд.
Гуфта мешавад, Куриёи Шимолӣ ду сол аст, ки тавассути бандари шарқии Наҷини худ ба Русия силоҳ мефиристад.
Ба иттилои расона, бо ин контейнерҳо ба Русия беш аз шаш миллион тири тӯп фиристода шудааст.
Куриёи Шимолӣ дар баробари тири тӯп ба Русия муҷтамаъҳои мушакӣ, мушакҳои зиддитонкӣ ва лавозими дигари ҷангӣ низ фиристодааст.
Қаблан Мэтю Миллер, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфта буд, Куриёи Шимолӣ даҳҳо мушаки баллистикӣ ва беш аз 11 ҳазор контейнер муҳимоти ҷангӣ фиристодааст, то Русия дар ҷанги зидди Украина истифода кунад. Русия ва Куриёи Шимолӣ ҳамкориҳои худ дар ин заминаро рад мекунанд.