Хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дода, ки вохӯрӣ аз 22 то 28 август баргузор шудааст.
"Зимни вохӯрӣ корҳои муштарак оид ба мувофиқаи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон идома ёфтанд", - навиштааст манбаъ.
Ҷаласаи навбатии гуруҳҳои корӣ қарор аст, дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад.
Гуруҳҳои кории ду кишвар ибтидои моҳи майи имсол дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд.
Тоҷикистон ва Узбакистон 1332 километр марзи мушатарак доранд. Таъйини хатти марзҳои давлатии ду кишвар соли 2019 пурра ба поён расида буд.