Ссылки доступа

Бори нахуст як аҳли суннат муовини президенти Эрон шуд


Абдулкарим Ҳусейнзода
Абдулкарим Ҳусейнзода

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури ислоҳотталаби Эрон, рӯзи 26-уми август вакили порлумон Абдулкарим Ҳусейнзодаро муовини худ дар умури рушди рустоҳо ва минтақаҳои камбизоат таъйин кард. Ҳусейнзода узви нахустини суннимазҳаби ҳукумат дар Эрон дар 45 соли охир аст.

Пизишкиён гуфтааст, Абдулкарим Ҳусейнзодаро ба сабаби садоқату таҷрибаи боарзишаш ба ин кор баргузид. Вай муовини худро вазифадор кард, ки шароити зиндагии мардумро дар рустоҳо ва нишондиҳандаи рушдро дар минтақаҳои “тангдаст” беҳтар гардонад.

Абдулкарим Ҳусейнзода 44-сола ва аз соли 2012 намояндаи Маҷлиси Эрон аст.

Ба омори давлатӣ, мусалмонҳои суннӣ 5-10 дарсади аҳолии Эронро ташкил медиҳанд. Аз соли 1979, аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ, онҳо бисёр кам ба мансабҳои калидиву муҳим таъйин мешаванд.

Масъуди Пизишкиён баъд аз пирӯзӣ дар даври дувуми интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи 5-уми июл гуфт, ӯ дар пайи ташкили ҳукумати “ваҳдати миллӣ” аст. Аммо дар феҳристи вазирони пешниҳодияш намояндагони камшуморони миллиро ворид накард ва зери бори танқид монд. Ин рӯйхат аз 19 вазир иборат буд ва порлумони муҳофизакори Эрон ҳафтае пеш онро пазируфт.

Пеш аз таъйиди номзадии вазирон, Пизишкиён ба вакилони порлумон гуфт, ин афродро бо “маслиҳати” раҳбари олии Эрон интихоб кардааст.

Ин сухан бисёриҳоро мутмаин кард, ки аъзои ҳукумати Пизишкиёнро Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ интихоб кардааст ва салоҳиятҳои раисиҷумҳур дар Эрон маҳдуд аст.

XS
SM
MD
LG