Ссылки доступа

Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов. Ду "гаравгонгир" аз Тоҷикистон кистанд?


Наврӯзи Рустамҷон
Наврӯзи Рустамҷон

Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ, ба раиси зиндони 19 дар вилояти Волгоград ҳамла карда, зиндонбонҳо ва чанде аз маҳбусонро гаравгон гирифтаанд, аз ин хабар такон хӯрдаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин хабарҳо бовар надоранд.

Шабакаҳои русӣ гуфтаанд, дар ҳодисае, ки рӯзи 23-юми август рӯй дод, чаҳор гаравгонгир ва чаҳор корманди зиндон кушта шудаанд. Аммо дар як наворе, ки зоҳиран аз тарафи маъмурони Горди Русия сабт шудааст, дар макони ҳодиса ҳафт ҷасад дида мешавад.

Наврӯзи Рустамҷон, яке аз гумонбарон ба гаравгонирӣ, се рӯз пеш аз ҳодиса бо наздиконаш дар Душанбе суҳбати телефонӣ доштааст. Рустамҷон Давлатов, падари Наврӯз, рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш мехост баъд аз адои ҷазо ба Тоҷикистон баргашта, оила барпо кунад ва ба таҳсил пардозад.

"Бори охир рӯзи 20-уми август тамос гирифта буд. Вақте ягон телефон меёфт, занг мезад. Ҳамеша насиҳат мекардем. Мегуфт, як арӯс ёбед, ба Тоҷикистон омада, зан мегираму ба ягон донишкада дохил мешавам. Орзу ва нақшаҳои зиёд дошт, аммо орзуҳои ӯро нобуд карданд," – афзуд ӯ.

Наврӯзи Рустамҷон соли 2019 барои кор ба Русия рафта, се сол баъдаш бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ҳафт сол зиндонӣ шуд. Аҳли оила мегӯянд, то замони боздошт мошин мешуст ва дар анборе кор мекард, на намоз мехонд ва на рӯза мегирифт.

"Писарам одами мазҳабӣ набуд ва дар бораи масъалаҳои динӣ аслан суҳбат намекард. Ҳеч боварам намеояд, ки воқеа он тарзе шуда бошад, ки нақл мекунанд," – гуфт Рустамҷон Давлатов.

Вай илова кард, ки писараш пас аз хатми мактаб, дар 18-солагӣ, барои кор ба Русия рафт. "Дар мактаб хуб мехонд, дар кӯча низ ҳамаро эҳтиром мекард ва касе аз рафтору муносибаташ шикоят надошт. Ба дигарон ёрӣ медод. Мо дар инҷо, ӯ дар даруни чор девор буд. Намедонем, дар асл чӣ гузаштааст. Ҳозир фанноварӣ (технология) пеш рафтааст, ҳар намуд метавонанд туҳмат кунанд," - -афзуд ӯ.

Вай навореро, ки дар Интернет пахш шуду писараш дар он дида мешавад, тамошо кардааст: "Дидед, ки фақат ӯро нишон доданд. Дар навор мебинӣ дасту пояш меларзад. Маҷбур кардаанд ӯро. Ҳамон наворҳо худаш баёнгари ҳоланд. Лекин чӣ бигӯем, замин сахту осмон баланд."

Ба қавли падараш, мақомоти Русия як сол пеш Наврӯзи Рустамҷонро ба ҷанг дар Украина даъват карда, вале хонавода маслиҳат додаанд, ки “ба ҳама сахтиҳо тоб оварад ва розӣ нашавад”. Мақомоти Русия то ҳол ба онҳо чизе нагуфтаанд.

Рустамҷон Давлатов, падари Наврӯз, дар гузашта ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ буда, ҳоло дар бахши хӯроки умумии ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт фаъолият дорад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ хонаводаи Назирҷон Тошов, ҷавони дигари гумонбар ба гаравгонгириро аз шаҳри Турсунзода ёфтанд. Як хешовандаш дар суҳбати бидуни сабт гуфт, "касе бовар надошт, ки ӯ ба чунин кор даст задааст".

Мақомоти шаҳри Турсунзода аз суҳбат худдорӣ карданд.

Меҳрӣ Раҳимова, модарбузурги ҳамсари Назирҷон Тошов, дар суҳбати бидуни сабт гуфт, ӯ соли 2019 бо наберааш хонадор шуда, баъди он ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт:

“Се сол пеш набераам аз Назирҷон ҷудо шуд. Як духтар доранд, ки ҳамроҳи набераам дар шаҳри Маскав аст. Падару модари Назирҷон солҳо пеш аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд. Баъд аз хонадоршавии онҳо модари Назирҷон аз дунё даргузашт, мо дигар он қадар равуо надорем бо онҳо. Шунидам, ки падараш ба Душанбе кӯчидааст, лекин намедонам ҳозир дар куҷост."

Назирҷон Тошов низ бо гуноҳи фурӯши маводи мухаддир ба 8,5 сол зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Русия дар гаравгонгирии рӯзи 23-юми август дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград ду шаҳрванди Узбекистон ҳам ширкат доштанд. Дар аввал аз онҳо Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов ном бурданд.

Модари Темур Ҳусейнов рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, маълумоти паҳншуда дар бораи писараш, аз ҷумла зиндонӣ будани ӯ дар маҳбаси Суровикино, дуруст аст, аммо дар навору аксҳо худаш нест. Дертар манбаъҳои наздик ба мақомоти амниятии Русия, бавижа саҳифаи "База" дар Телеграм, навиштанд, ки номи шаҳрвандони Узбекистон – Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов – ба таври иштибоҳӣ дар пайванд ба ҳодисаи Волгоград нашру паҳн шудааст. Онҳо гуфтанд, ширкатдорони дигари ин воқеа Шобдулкаримхон Каримов (Тоҷикистон) ва Шоҳиҷахон Сайфиев (Узбекистон) ҳастанд. Мақомоти Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ба гузориши расонаҳои Русия, Шобдулкаримхон Каримов, 38-сола, аз шаҳри Душанбе, устоди варзиш дар таэквондо, дар соли 2018 ҳамроҳи 5 нафари дигар, ба ҷумлаи як зан, ба паҳн кардани маводи мухаддир айбдор ва ба 8 сол зиндон маҳкум шуда, аммо то охир ин айбномаро рад кардааст. Дар маҳбас бо варзиш машғул будааст. Мақомоти Русия ӯро саркардаи ошӯб донистаанд.

Чаҳор мард, ки дар наворҳо худро "муҷоҳид"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номида, дар даст корду путк доштанд, рӯзи 23-юми август дар зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро гаравгон гирифтанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт.

Яке аз гаравгонгирҳо дар навор гуфт, маъмурони зиндон "ҳуқуқи мусалмононро поймол карданд. Мо онҳоеро куштем, ки мусалмононро таҳқиру шиканҷа карда буданд. Аз баъзеи мо китоб ва аз баъзеи дигар ҷойнамоз гирифтанд. Ҳамин корро мо ба онҳо кардем. Раҳм накунем."

ФСИН, идораи зиндонҳои Русия, рӯзи 27-уми август дар баёняие гуфт, дар зиндони Суровикинои Волгоград нисбат ба мусулмонони маҳкумшуда “ягон иғвое нашудааст”.

Ин дувумин гаравгонгирӣ дар зиндонҳои Русия дар тобистони имсол аст. Моҳи июн як гурӯҳ аз маҳбусон дар Боздоштгоҳи Ростови лаби Дон чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Русия он замон гуфта буданд, ки онҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Дар ин ҳодиса панҷ гаравгонгир кушта ва ду гаравгон захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG