Ссылки доступа

Созиши ИМА ва Узбекистон дар бораи ҳавопаймоҳои Афғонистон


Амрико ва Узбекистон тавофуқ кардаанд, ҳавопаймоҳое, ки дар 15-уми августи соли 2021 аз сӯи халабонҳои афғон ба ин кишвар интиқол дода шуд, дар ҳамон ҷо боқӣ бимонанд.

Сафири Амрико дар Тошканд ба хабаргузории узбекии "Kun.uz" гуфтааст, ки Амрико ва Узбекистон дар бораи вазъияти ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии артиши Афғонистон ба созиш расиданд.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Узбекистон боқӣ хоҳанд монд, гуфт, "таҷҳизоти низомӣ дар Узбекистон боқӣ хоҳад монд. Дар ин бора аз қабл мувофиқа шудааст".

Сафири Амрико хотирнишон сохтааст, ки ин таҷҳизот ҳеҷ гоҳ аз афғонҳо набуд ва ба Амрико тааллуқ дошт.

Баъд аз баргашти Толибон ба қудрат дар августи соли 2021, халабонҳои афғон шуморе аз ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Узбекистон ва Тоҷикистон интиқол доданд, ки ҳанӯз ҳам дар ин ду кишвар мебошанд.

XS
SM
MD
LG