Тафтиши мақомоти Қирғизистон ошкор кардааст, ки мадараса бидуни санад амал карда, дар Кумитаи дини Қирғизистон сабти ном нашудааст. Кумитаи амнияти он кишвар мегӯяд, дар мадараса асосан духтарони ноболиғ таҳсил мекарданд. Баъди тафтиш фаъолияти он боз дошта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки охири моҳи июли соли ҷорӣ низ мақомоти Қирғизистон дар шаҳри Бишкек якбора чаҳор мадрасаи ғайриқонуниро ошкор карда буданд, ки дар онҳо 120 кӯдаки аз 6 то 17-сола таҳсил мекарданд.