Ссылки доступа

Дар Қирғизистон баъди канда шудани як кӯл 400 сокинро ба ҷойи амн кӯчониданд


Дар ноҳияи Тони вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон рӯзи 21 август кӯли Зиндон канда шуд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфт, деҳаи Туура-сууро хатари зери об мондан таҳдид мекард. Ба ин далел, мақомоти ҳолатҳои фавқулода сокинони деҳаи мазкурро ба ҷойи амн кӯчониданд.

Сокинон дар деҳаҳои наздики маҳалли зисти худ ҷо дода шуданд.

Наҷотдиҳандагон дар ниҳоят тавонистанд маҷрои обро тағйир диҳанд ва хатари зери об мондани деҳаро бартараф кунанд.

Рӯзи 19 август дар чанд минтақаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон борони шадид борид. Дар натиҷа сел омада, боиси рахна шудани кӯли Зиндон гардид.

XS
SM
MD
LG