Ссылки доступа

Ҳазорон зан дар Ҳинд зидди хушунати ҷинсӣ шабона эътироз карданд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Даҳҳо ҳазор зан дар аёлати Бенгали Ғарбӣ дар Ҳинд шаби 14 ба 15 август бо нишони эътироз зидди хушунати ҷинсӣ эътироз карданд.

Ин эътироз унвони "Шабро ба худ бармегардонем"-ро дошт ва дар пайи таҷовуз ва қатли пизишки 31-сола дар беморхонае дар Калкута роҳандозӣ шуд.

Қатли зани 31-сола рӯзи 9 август рух дод. Баъди навбатдории 36-соата вай дар утоқе дар беморхона хоб рафт. Рӯзи баъд ҳамкоронаш ҷасади нимаурёни ӯро бо захмҳои зиёде пайдо карданд. Дертар бо гумони куштор як дастёри беморхона боздошт шуд.

Занон дар Ҳинд бо шиор ва парчамҳо ба эътироз баромаданд ва адолат талаб карданд.

"Гап дар бораи танҳо як шаб намеравад. Ҳар шаб занон бояд озодӣ ва имкони ба кӯча баромаданро дошта бошанд. Волидон набояд дар ташвиш бошанд, ки шаб шуду оё фарзанди онҳо солиму беосеб ба хона меояд ё на", - гуфт яке аз эътирозгарон.

XS
SM
MD
LG