Мақомоти Узбекистон мегӯянд, Мадиева ба узбекистониҳо ваъда медод, ки дар ивази маблағ онҳоро тавассути Истамбул ба кишварҳои Аврупо ва ИМА мефиристад.
Пештар аз ин Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Истамбул аз истирдоди Барно Инотоваи 37-сола ба Узбекистон хабар дода буд. Вай низ дар қаллобӣ айбдор мешуд ва дар пайгард қарор дошт. Ӯро 12 август ба Узбекистон ихроҷ карданд.