Ссылки доступа

Дар Узбекистон мудири мактаберо ҷарима бастанд, ки омӯзгоронро ба алафдаравӣ маҷбур карда буд


Мудири мактабе дар вилояти Намангони Узбекистон омӯзгоронро маҷбур кардааст, ки ҳудуди мактабро поккорӣ ва алафҳояшро дараванд.

Ба илова мудир аз омӯзгорон талаб кардааст, ки аз волидони хонандагон барои ғизои сохтмончиёни мактаб маблағ ҷамъ оваранд.

Мақомоти Узбекистон аз рӯи ин маълумот тафтиш анҷом дода ва мудири мактабро 1350 доллар ҷарима бастаанд.

XS
SM
MD
LG