Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон марги соҳибнуфузи ҷиноӣ Салим Абдувалиевро рад карданд


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабарҳо дар бораи марги соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Салим Абдувалиевро рад карданд. Рӯзи 11 август саҳифаи Ютубии "Авторитет" хабар дод, ки Абдувалиев фавтидааст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Узбекистон Шоҳрух Ғиёсов гуфт, ин иттилоъ воқеӣ нест.

Салим Абдувалиев, маъруф ба Салимбойбача, моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд.

Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳе дар Узбекистон Абдувалиевро бо айби "ғайриқонунӣ гардонидани аслиҳа" 6 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG