Ссылки доступа

Google даромад ёфтанро барои YouTube-блогерони Русия комилан бекор кард


Бузургтарин шабакаи таблиғотии Google AdSense фаъолияташро дар Русия қатъ кард. Дар ин бора CNews бо такя ба номаи расмии Google хабар додааст.

Дар нома омадааст, ҳамаи саҳифаҳое баста мешаванд, ки макони фаъолияташон Русия нишон дода шудааст. Ин маънои онро дорад, ки даромад ҳосил кардан тавассути ин гуна саҳифаҳо номумкин мегардад.

Хориҷ шудани AdSense аз Русия на танҳо ба блогерони YouTube таъсир хоҳад дошт, менависад CNews. Ин сомона илова мекунад, ҳамаи соҳибони сомонаҳои русиягӣ низ аз даромад маҳрум хоҳанд шуд, ки аз шабакаи AdSense фоида мегирифтанд.

Баҳори соли 2022 ба далели ҷанги Русия зидди Украина тими YouTube даромадро барои корбарони русиягӣ комилан манъ карда буд. Аммо AdSense то кунун ба блогерони русиягӣ иҷоза медод, ки аз ҷо додани таблиғот даромад ҳосил кунанд.

XS
SM
MD
LG