Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизистон дар 6 моҳ $51,6 млн фурӯхтааст


Бонки миллии Қирғизистон 8 август дар бозори асъор 51 миллиону 650 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтааст.

Ба иттилои бонк, ин ниҳод аз аввали соли равон дар бозори асъор ҷамъан 90 миллиону 150 ҳазор доллар фурӯхтааст.

Бонк миллионҳо долларро дар пасманзари болоравии қурби он дар баробари соми қирғизӣ ба фурӯш гузоштааст.

Қаблан Бонки миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки моҳи июни имсол 6 миллиону 650 ҳазор доллар фурӯхтааст.

Қурби расмии 1 доллари амрикоӣ барои имрӯз, 9 август дар Қирғизистон 85,1 сом таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG