Ссылки доступа

Муҳофизи пешини Алмосбек Отамбоев дастгир шуд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 8 август Эркин Мамбеталиев, муҳофизи президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро боздошт кардааст.

Кумита ин хабарро то ҳол расман шарҳ надодааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додаанд. Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки эҳтимол дар ҷараёни боздошти Мамбеталиев сабт гаштааст.

Муҳофизи пешини Отамбоевро барои робита бо соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев дастгир кардаанд.

Мамбеталиев солҳои 90-ум дар Хадамоти давлатии муҳофизати Қирғизистон кор карда, аз соли 2000-ум ба ин тараф муҳофизи Алмосбек Отамбоев буд.

Додгоҳи олии Қирғизистон соли 2008 ҳукми ҳабси якумрии Мамбеталиевро барои иштирок дар куштори се кас бетағйир гузошта буд, вале вакилони дифои ӯ баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ ҳукмро бекор ва вайро озод кард.

XS
SM
MD
LG