Ӯро чанд мансабдор, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, молия, саноат ва кору муҳоҷират ҳамроҳӣ доранд.
Рӯзи 9-уми август дар пойтахти Қазоқистон нишасти шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мегузарад.
Машварати панҷум соле қабл дар Душанбе баргузор шуда буд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтоёнаш аз минтақа, ки пайваста ба саркӯби дигарандешон ва маҳдудияти озодиҳои бунёдӣ танқид мешаванд, дар Ҳамоиши якуми Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” дар шаҳри Остона низ ширкат мекунанд.