Вазири адлияи Қирғизистон Аёз Баетов 7 август дар як нишасти хабарӣ дар шарҳи пешниҳод гуфт, баъди барҳам додани маҳбасҳои сукунатӣ бошандагони онҳоро таҳти назорат хоҳанд гирифт.
"Бояд воқеъбин буд. Оё имрӯз механизми маҳбасҳои сукунатӣ ба талаботи вазъи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ аст? Худи ман ба ин бовар надорам. Мо таҳлил кардем миёни онҳое, ки дар ин маҳбасҳо нигаҳдорӣ мешаванд ва он нафароне, ки бо дастбандҳои электронӣ таҳти назорат ҳастанд, фарқе дида намешавад", - изҳор дошт ӯ.
Ба иттилои Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 10 маҳбаси сукунатӣ фаъолият мекунад.