Қизайбой дар даври ниманиҳоӣ аз варзишкори чинӣ У Ю бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Интизор меравад, ду варзишкори дигари Қазоқистон соҳиби медали олимпӣ шаванд. Ахиран Демеу Жадраеви қазоқистонӣ, ки дар вазни то 77 кило баромад мекунад, ба даври ниҳоии мусобиқоти гуштии юнониву римӣ баромад.
Қаблан муштзани қазоқистонӣ Нурбек Оралбой ҳам ба даври ниҳоӣ баромада, қарор аст, бо варзишкори украинӣ Александр Хижняк дар вазни то 80 кило рақобат кунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж 11 август ба поён мерасанд.