Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад ташхиси техникии мошинҳоро ҳатмӣ кунад


Вазорати иқтисоди Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ташхиси техникии ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар он кишвар ҳатмӣ карда шавад.

Лоиҳаи қарор дар ин замина аллакай аз 1 август дар баррасии умум қарор дорад.

Дар шарҳи қарор омадааст, ташхиси техникӣ ба хотири беҳсозии муҳити зист ва назорати вазъи воситаҳои нақлиёт бояд ҳатмӣ карда шавад.

Вазорат пешниҳод карда, ки ҳамаи воситаҳои нақлиёт дар Қирғизистон бояд аз ташхиси техникӣ гузаранд. Дар сурати қабули қарор, ташхиси техникии ҳатмии мошинҳо дар Қирғизистон давоми се соли оянда ҷорӣ мешавад.

Дар Қирғизистон феълан танҳо ташхиси техникии воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркаш ва махсус ҳатмӣ мебошад.

Ба ҳисоби вазорат, дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 1 миллиону 600 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG