Ҷамолиддин Абдуллозода 5-уми август дар нишасти хабарӣ афзуд, Олимзода дар ҷойи кор аст ва субҳи имрӯз дар ҷаласае ширкат дошт.
Аммо вазири тандурустӣ ба ин суол посух надод, ки оё алайҳи Олимзода парвандае боз шудааст ё не? Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, дар ин бора маълумот надорад.
Дар охирҳои моҳи июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр шуд, ки Насим Олимзода, собиқ вазири собиқи тандурустӣ ва мудири феълии Пажуҳишгоҳи гастроэнтрология маъруф ба “Клиникаи Мансуров” боздошт шудаст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ чанд маротиба ба утоқи кории Олимзода рафта, ӯро пайдо накарданд. Ҳамкоронаш он вақт низ хабари дастгир шудани ӯро рад карда буданд.
Насим Олимзода 60 сол дошта, аз соли 2017 то 2020 вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Раиси ҷумҳур Олимзодаро моҳи майи соли 2020 дар авҷи буҳрони коронавирус барканор карда буд.