Ссылки доступа

Дар Тошканд як гуруҳи хориҷиҳо қиморхона ташкил кардаанд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон 12 шаҳрванди хориҷӣ ва 18 сокини маҳаллиро бо гумони ташкили бозиҳои онлайнии қимор дар манзили иҷорае дар шаҳри Тошканд дастгир кардаанд.

Ба иттилои пулиси Тошканд, ҳамчун далели шайъӣ аз манзили иҷора 37 ноутбук, 1400 доллар нақдина, 34 симкорт, 7 телефон ва 12 корти бонкӣ мусодира шудааст.

Санҷиш нишон додааст, ки гардиши қиморхона дар се моҳ 900 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Қонунгузории Узбекистон барои ташкили ғайриқонунии қимор то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Аммо агар ин кор гуруҳӣ анҷом шуда бошад, муҳлати ҷазо то 10 ба сол афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG