Ссылки доступа

Қирғизистон маҳдудиятҳо алайҳи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод


Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар шабакаи иҷтимоии Х лоиҳаи қонунҳои пешниҳодӣ дар Русияро барои сахттар кардани назорати муҳоҷирон шарҳ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ва маҳдудиятҳое, ки ҳоло вакилони Думаи давлатии Русия баррасӣ мекунанд, ба шаҳрвандони Қирғизистон, ҳамчун кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дахл надорад.

"Бар асоси меъёрҳои ИИАО, шаҳрвандони мо ба бозори меҳнати Русия ҳуқуқ ва озодии баробар доранд", - навиштааст Байсалов.

Мақомоти Русия аллакай чандин лоиҳаи қонунеро барои сахттар кардани назорати муҳоҷирон қабул карданд. Бастаи навбатии қонунҳо дар ин замина ба Дума пешниҳод шудааст.

Бар асоси тағйироти ахир, пулиси Русия ҳаққи ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро дарёфт кардааст ва ҳамчунин муҳлати будубоши бидуни виза дар он кишвар низ ду баробар кам гаштааст.

XS
SM
MD
LG