Ссылки доступа

Коршиносони СММ хостанд, пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон рад шавад


Коршиносони СММ аз ҳукумати Қазоқистон даъват кардаанд, ки пешниҳоди "Мо зидди таблиғи ошкоро ва пинҳонии ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон" баррасӣ нашавад.

Гуруҳи панҷнафарии коршиносоии СММ мегӯянд, пешниҳоди мазкур қабули қонунҳоеро талаб мекунад, ки гӯиё озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва иттиҳодияҳоро бар асоси тамоюлҳои ҷинсиву ҳувияти гендерӣ халалдор мекунанд.

"Ин қонун бояд аз аввал аз сӯи ҳукумати Қазоқистон баррасӣ намешуд. Он бояд рад карда шавад", - омадааст дар изҳороти коршиносон, ки 31 июл нашр шуд.

Қаблан созмони байналмилалии "Human Rights Watch" аз мақомоти қазоқ даъват карда буд, ки пешниҳодро баррасӣ накунанд.

Вазорати иттилоот ва фарҳанги Қазоқистон гуфта буд, ки пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар ин кишвар теъдоди лозимии имзоҳоро барои расман баррасӣ шудани он ба даст овардааст.

Муаллифи пешниҳод Багила Балтабаева, намояндаи созмони ҷамъиятии "Иттиҳоди волидони Қазоқистон" даъват дорад, ки кудакону наврасон аз таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" ҳифз карда шаванд.

Вакилони порлумони Қазоқистон имсол пешниҳод карда буданд, ки ҷазо барои таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" сахттар карда шавад. Коршиносон ин пешниҳодро ҳамчун кушиши нусхабардории қонунҳои Русия номиданд.

XS
SM
MD
LG