Ба иттилои Додситонии Андиҷон, сокини маҳаллӣ Н. С. ба пулис шикоят кардааст, ки духтараш М. Х. 17 июл аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
Дар натиҷаи санҷиш маълум шуда, ки М. Х. бо ирсоли паёми садоие тавассути паёмрасони Телеграм гуфтааст, дар як бозии онлайнӣ 15 миллион сӯм (ҳудуди $1200)-ро бохтааст ва мехоҳад худкушӣ кунад.
Ҷасади занро 22 июл бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ аз рӯдхонаи "Асака Ташламаси" пайдо кардаанд.