Ссылки доступа

Дар Қирғизистон муҳлати ҳабси 4 рӯзноманигор тамдид шуд


Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси раҳбари тарҳи "Темиров LIVE" Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, рӯзноманигор Азамат Ишенбеков, корманди "Алға Медиа" Оқтилек Капаров ва хабарнигори "Темиров LIVE" Айка Бейшекееваро дубора дароз кард.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Улан Сейитбеков, рӯзноманигорон то октябри имсол дар ҳабс мемонанд.

Мурофиаи навбатии рӯзноманигорон 29 август баргузор хоҳад шуд. Зеро додрас ба рухсатӣ баромадааст.

Аз миёни 11 рӯзноманигори боздоштшуда танҳо ин чаҳор нафар дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Боқӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январи имсол 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешин ва кунунии "Temirov LIVE"-ро ба ҳабс гирифта буд.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG