Ссылки доступа

NYT: Хоманаӣ дастури ҳамла ба Исроилро содир кардааст


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон фармони ҳамла ба Исроилро дар посух ба кушта шудани раиси дафтари сиёсии гурӯҳи “Ҳамос” Исмоил Ҳания дар шаҳри Теҳрон содир кардааст.

"New York Times" бо истинод ба се мансабдори эронӣ хабар додааст, ки фармони мазкур 31 июл, баъди нашри хабари расмии кушта шудани Ҳания дар ҷаласаи фаврии Шӯрои олии амнияти миллии Эрон содир шудааст.

Манбаъҳои расона гуфтаанд, се гузинаи ҳамла ба Исроил, аз ҷумла зарбаҳои мушакӣ ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба пойгоҳҳои низомии Исроил дар Телавив вуҷуд дорад.

Имкони ҳамоҳангсозии ҳамла бо иттифоқчиёни Эрон, аз қабили Яман, Сурия ва Ироқ низ баррасӣ шудааст.

Хоманаӣ ҳамчунин ба низомиёни Эрон дастур дода, ки нақшаи дифоъ ва ҳамларо дар сурати зарбаҳои ҷавобии ИМА ва Исроил таҳия ва коркард кунанд.

Ҳания рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар Ҷумҳурии Исломӣ қарор дошт.

Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” мақомоти Исроилро масъули ин ҳамла номид ва ваъда дод, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Исроил на вокуниш нишон дод ва на масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт, вале баъзе аз сиёсатмадорони исроилӣ онро иқдоме барои беҳбуди амнияти ҷаҳонӣ донистаанд.

XS
SM
MD
LG