Сухангӯи вазорат Шерзод Аҳмадов дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфт, вазъи марбут ба паст шудани суръати Ютуб дар Русия ба кори ин шабака дар Узбекистон таъсире нахоҳад дошт.
"Агар суръати кори Ютуб дар як кишвар поин равад, ин маънои онро надорад, ки дар дигар давлат низ чунин хоҳад шуд", - изҳор дошт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Қаблан корбарони узбекистонӣ шикоят карда буданд, ки суръати кори Ютуб дар он кишвар заиф шудааст.
Вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн ахиран хабар дод, ки суръати кори шабакаи Ютуб дар ин кишвар баъди як ҳафта то 70 дарсад суст мешавад.