Хабаргузории "Informburo.kz" навиштааст, ҳунарманди қазоқ иштирокчии лоиҳаи бузурги байналмилалии филмсозие шудааст, ки дар Чин иҷро мешавад.
"Ман аз 30 июл дар Чин ҳастам ва дар лоиҳаи байналмилалии филмсозӣ иштирок мекунам. Қарордоди мо бо "Қазоқфилм" ба поён расид ва тасмим гирифтам, ки онро тамдид накунам", - гуфтааст ӯ.
Дар Вазорати фарҳанги Қазоқистон ба "Kursiv.media" гуфтанд, ки хабари аз раҳбарии "Қазоқфилм" рафтани Сотиболдӣ ҳақиқат надорад.
Азамат Сотиболдӣ моҳи июли соли 2023 президенти "Қазоқфилм" таъйин шуда буд.