Ссылки доступа

Мақомоти Суғд ба кумаки шарикони хориҷӣ дар бунёди шаҳраки Сайҳун умед доранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Мақомоти Суғд умед доранд, ки шаҳраки Сайҳун бо кумаки коршарикони хориҷӣ бунёд мешавад. (видео)

- Манъи рондани "самокат" муҳоҷиронро бекор мекунад? Як тасмими нави мақомоти рус сабаби нигаронии амиқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шудааст. Думаи Давлатии Русия пешниҳоди боло бурдани ҷаримаро барои ронандаҳои "самокатҳо" қабул кардааст. Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши садамаҳо гуфта мешавад, вале муҳоҷирон фишори навбатӣ меноманд. (видео)

- Муфтӣ гуфт, кадом либосҳоро ба занон тавсия медиҳанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, мақомот бар сари таҳияи либоси тавсиявӣ барои сокинон кор мекунанд. Масъалаи либоси ба истилоҳ бегона, ки бо қабули қонуни нави танзим пӯшидани он манъ шуд, мавзӯи баҳс дар нишасти матбуотии Кумитаи дин буд. (видео)

- Моҳӣ дар Панҷакент кам шудааст. Чаро? Иддае аз сокинони шаҳри Панҷакент бо моҳидорӣ асабҳои худро ором мекунанд. Онҳо мегӯянд, солҳои охир моҳӣ дар дарёҳо кам шудааст, зеро шикорчиён барқ ва тӯрро фаровон истифода мебаранд. (видео)

- Пулиси Маскав амр додааст, “сиёҳсарҳо”-ро кам кунанд. Мақомоти интизомии Русия гуфтаанд, ки қасд доранд вилояти Маскавро ба қавли худашон "сафедтар", яъне аз хориҷиёни сиёҳсар пок кунанд. Ин гуфтаи Виктор Пауков, сардори раёсати пулиси вилояти Маскавро як намояндаи раёсат дар ҷаласае дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ иқтибос овардааст. (видео)

- Чойхонаи “Роҳат”-ро дар Душанбе аз байн мебаранд. Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки чойхонаи "Роҳат" ва Театри Лоҳутӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз байн бурда мешаванд. Баҳси вайрон кардан ё мондани ин ду бино чанд сол боз идома дорад. (видео)

- Бунёди қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Қулма таъхир меёбад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шоҳроҳи "Душанбе-Қулма" (қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ)-ро аз вақти таъйиншуда дертар месозанд. Азим Иброҳим рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сабабҳоро чунин баршумурд: "Ду нақб сохта мешавад, панҷ галерея, 15 пул. Ин вақт мегирад." (видео)

- Оё бемории чорво сабаби боло рафтани нархи гӯшт шудааст? Дар Тоҷикистон дар чанд рӯзи гузашта қимати гӯшт боло рафтааст ва мақомот мегӯянд, сабаби он хуруҷи беморие нест, ки дар байни чорвои калон, бахусус говҳо, паҳн шудааст. (видео)

- Боздошти тоҷикон муҳоҷирони дигарро дар Амрико нигарон кард. Дастгир шудани ҳашт зодаи Тоҷикистон дар ИМА дар моҳи июни имсол ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” яке аз доғтарин хабарҳои расонаҳои Амрико дар мавзӯи хатари ҳамлаи террористӣ ва беназоратии сарҳади ИМА бо Мексика буд. (видео)

- Дар деҳаи Чорсӯ ҷанҷоли ҳавз бо хушӣ поён ёфт. Сокинони маҳаллае дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз кӯшишҳои зиёд тавонистанд, ки дастҷамъона ҳавзеро бунёд созанд. Cокинони як қисмати деҳаи Ғозиён солҳои дароз бо молики хоҷагии деҳқонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бар сари ин ҳавзи нимавайрон баҳс доштанд. (видео)

- Мактаби муҳими Украина дар ҳамлаи Русия вайрон шуд. Рӯзи 8-уми июл дар ҳамлаи мушакии Русия ба бузургтарин беморхонаи кӯдакона дар Киев, ки хурдсолони гирифтори бемории хатарнок табобат мешуданд, бинои табобатгоҳ ва мактаби дохили он низ хароб шудааст. (видео)

- Ҷасади Рӯзигул ёфт нашуд. Дар Душанбе ҷустуҷӯи ҷасади духтари Шодигул Мирзоева яке аз сокинони ноҳияи Варзоб натиҷа надод. Моҳи ноябри соли гузашта Рӯзигули 13-сола дар канали мазкур, ки сокинони зиёди Душанбе аз оби он истифода мебаранд, ғарқ шуд. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 25-уми июли соли 2024 (видео)

- Талаботи зиёд ва маоши ночиз тақозо ба мансабҳои давлатиро коҳиш додааст. Мақомоти Тоҷикистон дар ним соли гузашта барои қабули беш 5 ҳазор корманд ба идораҳои давлатӣ озмун эълон кардаанд, вале теъдоди хоҳишмандони ин курсиҳои холӣ зиёд набудааст. (видео)

- Боздошти фармондеҳи посгоҳи марзӣ пас аз худкушии марзбони ҷавон. Муфаттишон дар шаҳри Кӯлоб парвандаи як афсари неруҳои марзбониро таҳқиқ мекунанд, ки ба худсарӣ ҳангоми фаъолият ва сабаб шудан ба марги як сарбози зердасташ муттаҳам мешавад. (видео)

- Дар ним соли гузашта 3400 тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки танҳо дар ним соли гузашта, мақомоти Русия рӯзона фақат аз фурудгоҳҳо то 20 муҳоҷири тоҷикро аз он кишвар берун кардаанд. Аз миёни 3400 муҳоҷире, ки то охири моҳи июн аз Русия рондаанд, бисёре аз онҳо ҳақ надоранд, ба он кишвар баргарданд. (видео)

- "Либоси бегона" кадом аст? Мумкин аст, моҳи оянда дар Тоҷикистон китобе ба нашр расад, ки дар он ба мардум тавсия дода мешавад, кадоме аз либосҳои миллиро пӯшанд. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 23-уми июли соли 2024. Писари Гул Шералӣ барои насби "мигалка" дар мошинаш боздошт шуд, Ҳизби сотсиалистӣ раиси нав интихоб кард, суҳбати Муҳаммадиқболи Садриддин ва Темур Варқӣ дар арафаи бозиҳои олимпӣ, муҳокимаи нуҳ фарди муттаҳам бо узвият дар ДОИШ ва матолиби дигар. (видео)

- Дар Кӯлоб муҳокимаи 9 фарди муттаҳам бо тарконидани мошини раҳбари маҳаллии ҳизби ҳоким идома дорад. (видео)

- Тавлиди нерӯи барқ аз офтоб арзон набудааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG