Ссылки доступа

Қодиров ба президенти Узбекистон ду асп туҳфа кардааст


Президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ба ҳамтои узбеки худ Шавкат Мирзиёев дар рӯзи зодрӯзаш ду асп туҳфа кардааст.

"Аз муҳаббати ӯ ба ин ҳайвонҳо хабар дорам ва умедворам, туҳфаҳо барояш писанд хоҳанд омад", - навиштааст Қодиров дар канали худ паёмрасони Телеграм.

Президенти Чеченистон ҳамчунин нақши Шавкат Мирзиёевро дар рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим ва бузург номидааст.

Президенти Узбекистон 24 июл 67-сола шуд.

Қодиров бори охир моҳи майи имсол ба Узбекистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG