Назарзода гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 532 офати табиӣ рух додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҳодиса бештар аст.
Раиси Кумита ҳамчунин афзуд, дар 12 офати табиӣ 15 кас ҷонашонро аз даст доданд. Аз инҳо 9 нафар дар натиҷаи омадани сел, 4 кас дар натиҷаи зарбаи раъду барқ ва 2 нафар дар вақти омадани ярч фавтидаанд.
Масъулини ин ниҳод дар нишасти хабарӣ аз ғарқ шудани сокинон нигаронӣ карданд. Рустам Назарзода гуфт, дар шаш моҳи имсол 86 кас дар дарё ва кӯлҳо ғарқ шуданд. Шумораи ғарқшудаҳо назар ба соли гузашта 2 кас бештар будааст.
Дар фасли баҳори имсол Тоҷикистон шоҳиди омадани селҳои зиёд буд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншоотҳои иҷтимоӣ осеб диданд.