Дар гузориш омадааст, давоми 3,5 соли ахир дар Узбекистон 110 корбари шабакаҳои иҷтимоӣ барои изҳори назар дар бораи ҳаводиси кишвар, аз ҷумла тағйири Конститутсия ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар Узбекистон бештар аз ҳама ба фаъолияти мухолифони қарақалпоқ ва интиқоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар сахт вокуниш карда мешавад. Ҳамчунин ба блогерони узбекистонӣ, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, тавассути наздиконашон фишор меоранд.
Дар гузориш ба унвони намуна саргузашти блогер аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Умед Миралиев зикр шудааст, ки гуфта мешавад бо дастури мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳи бародари хурдияш шадидан латтукӯб шудаанд.
Ба гуфтаи Миралиев, мақомоти Қашқадарё ӯро, ки ба хотири кумак ба мардум мушкилиҳои иҷтимоиро бозтоб мекард, бо айби сохта ба додгоҳ кашиданд ва дар натиҷа ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Баъди раҳоияш аз ҳабси хонагӣ аз сӯи афроди ношинос шадидан латтукӯб шудааст ва шахсияти ҳамлагарон ҳам то ҳол муайян нашудаанд.