Ссылки доступа

Додситон барои рӯзноманигори қазоқ 7 соли зиндон талаб кардааст


Думан Муҳаммадкарим
Думан Муҳаммадкарим

Баррасии парвандаи рӯзноманигор Думан Муҳаммадкарим, ки бо гумони "сармоягузории экстремизм" боздошт шудааст, дар Додгоҳи шаҳри Конаеви Қазоқистон идома дорад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи имрӯз аз додрас хостааст, ки Думан Муҳаммадкаримро 7 сол зиндонӣ кунанд. Ҳамчунин рӯзноманигор ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳрум карда шавад.

Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод.

Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

Даҳҳо ҷонибдори рӯзноманигор 22 майи имсол дар назди Додгоҳи Конаев ҷамъ шуда, озодии рӯзноманигорро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG