Ссылки доступа

Фатвои Шӯрои уламо ба зидди либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз либоси миллӣ фатво додааст, ки занону духтарон либоси "танг, сиёҳ ва ҳарир" напӯшанд. Чизе, ки масъулонаш "бегона" ва "ғайриахлоқӣ" номидаанд.

Матни фатво рӯзи 26-уми июл нашр шуд.

Дар он гуфта шудааст, ки либоси тангу ҳарир "узвҳои баданро намоён мекунанд" ва "ранги сиёҳ аз назари мазҳаби ҳанафӣ ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии Тоҷикистон созгор нест". Аъзои Шӯрои уламо дақиқ нагуфтаанд, ки манзурашон аз "ранги сиёҳ" чист. Дар солҳои охир зери ин мафҳум бештар ҳиҷобу чодари исломӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи қонуни нави танзими ҷашну маросим, ки моҳи июни имсол ба иҷро даромад, “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар Тоҷикистон манъ аст.

Либоси ба истилоҳ “бегона” дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот бештар пӯшиши исломиро ҳадаф гирифтаанд. Ин тасмим дар моҳи июн маҳкумияти Иттиҳоди уламои Ислом ва эълони “ҷиҳод” аз сӯи баъзе аз рӯҳониёнро дар Афғонистон дар пай дошт.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бахше аз фатвояш гуфтааст, "занону модарони тоҷик садсолаҳо либосе мепӯшиданд ва мепӯшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд."

"Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рӯймол, курта ва пойҷома иборат аст, ки комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, пӯшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад. Пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст," – гуфта шудааст дар идома.

Баҳси либоси миллӣ ва бегона дар Тоҷикистон солҳо боз доғ аст. Мақомот мегӯянд, бо ҳадафи тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешгирии мардум аз ифротишавӣ тарҳҳои миллиро пешниҳод мекунанд.

Ҳарчанд дар аввали имсол як мансабдори давлатӣ гуфт, ки ҳукумат дар масъалаи сатр ноком шуд, пас аз ҳамла ба "Крокус" дар Русия, ки зодагони Тоҷикистон ба он гумонзад ҳастанд, баҳси либоси “бегона” дигарбора рӯ зад.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст. Онро идораи иҷтимоӣ медонанд. Аз раису ду муовинаш ва шаш узв иборат аст. Солҳои охир бештар барои сукут дар баробари маҳдудиятҳои динӣ ва ҳимоят аз амали мансабдорон дар Тоҷикистон танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG