Матни муроҷиатномаи гуруҳ, ки ба ҳайати он мутахассисони соҳаи энергетика, ҳомиёни муҳити зист ва фаъолони маданӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон шомил ҳастанд, дар саҳифаи "Экофорум Казахстана" нашр шудааст.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, қарор дар бораи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва дахолати ошкорои мақомот қабул шудааст.
Аъзои гуруҳ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бунёди неругоҳи мазкур давлати Қазоқистонро қарздор ва вобастаи ширкатҳои дастраскунандаи технология гардонида, ҳамчунин боиси зарар дидани муҳити зист дар он кишвар хоҳад шуд.
Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор карда шавад.