Ссылки доступа

Вазир гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 2500 омӯзгор намерасад


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар беш аз 2500 омӯзгор намерасад.

Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки камбуди омӯзгор дар мактабҳои миёна ҳамоно масъалаи доғи соҳа боқӣ мемонад.

Вазири маориф ва илм ҳамзамон гуфт, ба ҳадафи бартараф намудани ин мушкил, имсол 2170 донишҷӯйи курсҳои болоиро барои кор дар мактабҳо ҷалб кардаанд.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, камбуди омӯзгор дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд дорад ва ба нафақа баромадану барои ба нигоҳубини кӯдак рухсатӣ рафтанро аз сабабҳои ин мушкил номбар кард.

Вале бархе омӯзгорон қаблан маоши каму набуди шароити мусоидро сабаби аслии худдорӣ аз корӣ омӯзгорӣ номиданд.

Коршиносон ҳам мегӯянд, барои пешгирӣ аз рафтани омӯзгорон бояд маоши муаллимон то он сатҳе зиёд карда шавад, ки барои зиндагиаш кофӣ бошад.

Мутахассисон бо ишора ба ин сатҳи маош таъкид мекунанд, ки то маоши омӯзгор барои таъмини зиндагиаш наравад, “фирори мағзҳо” аз бахши маориф идома мекунад.

Маоши миёнаи як омӯзгор дар Тоҷикистон аз 1200 то 1500 сомонӣ мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад, ки 70 дарсадаш зан будаанд.

XS
SM
MD
LG