Тибқи фармон, Абдикерим Сидиқов, Имоналӣ Айдарбеков, Жусуп Абдраҳмонов, Абдиқодир Орозбеков ва Ишеналӣ Арабоев унвони мазкурро соҳиб шудаанд.
Ҳадаф аз имзои ин фармон нишон додани хидматҳои нухбагони сиёсие, ки дар ибтидои давлатдории навини Қирғизистон дар асри 20 фаъолият доштанд, гуфта мешавад.
Ҷабборов ҳамчунин дастур додааст, ки дар бораи фаъолияти бунёдгузорони давлати муосири Қирғизистон маводи таълимӣ таҳия ва ба донишомӯзону донишҷӯён ба хотири дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият кардан омӯзонида шавад.