Ссылки доступа

Ҳалокати 4 корманди "YDD Corporation" дар Қазоқистон


Дар натиҷаи сӯхторе, ки 20 июл дар корхонаи "YDD Corporation" дар Қарағандаи Қазоқистон сар зада буд, чаҳор кас ҷон бохтааст.

Музаффар Исмайлови 30-сола, ки ба ҳайси сардори кӯраи корхона кор мекард, 22 июл дар бемористон ҷон бохтааст. Ба гуфтаи табибон, 85 дарсади бадани ӯ сӯхта буд.

Кормандони осебдидаи дигари ширкат Ерулан Казкени 25-сола, Дмитро Адамчуки 43-сола ва Толеген Жетписбоеви 37-сола ҳам рӯзи 24 июл дар бемористон ҷон додаанд.

Масъулони "YDD Corporation" қаблан гуфта буданд, ки дар натиҷаи берун шудани шуълаи оташ аз кӯра 8 корманд сӯхтааст.

Пулиси Қарағанда гуфт, банди парвандае, ки бар асоси он тафтиши ҳодиса идома дорад, ба "Нақзи қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси марги зиёда аз ду нафар гаштааст" иваз карда шуд.

XS
SM
MD
LG