Ин рақам назар ба нишондоди моҳи майи соли равон 24 баробар ва нисбат ба ҳаминдавраи соли гузашта 2,4 баробар бештар аст.
Оҷонс гуфтааст, Узбекистон дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 241,4 миллион доллари амрикоӣ ба хориҷ газ содир кардааст.
Қаблан Сарраёсати гумруки Чин хабар дода буд, ки ин кишвар аз аввали имсол аз Узбекистон ба маблағи наздик ба 235 миллион доллар газ харидааст.
Узбекистон дар баробари Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам газ мефурӯшад.