Ссылки доступа

Оҷонсӣ аз ширкатҳои русӣ хост, ки вақти парвоз ба мусофирон ғизо диҳанд


Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хостааст, дар вақти парвоз аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс, ба мусофирон ғизо диҳанд.

Ҳабибулло Назарзода, директори Оҷонсии ҳавонавардӣ 24-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, мактуби ин ниҳод ба ширкатҳои русӣ моҳи июни имсол фиристода шудааст.

Назарзода гуфт, бар асоси қоидаҳои байнулмилалӣ, барои парвозҳое, ки беш аз 3 соат идома мекунанд, ба мусофирон бояд ғизо ва нӯшокӣ дода шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ то куҷо ин дастури мақомоти Тоҷикистонро иҷро кардаанд. Мудири Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки агар дастурашон иҷро нашавад нисбати ширкатҳо чора меандешанд.

Муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо нархи гарон билети парвоз миёни Тоҷикистон ва Русияро мехаранд, аммо дар ҳавопаймо ба ҷуз об барояшон дигар ғизо намедиҳанд. Айни ҳамин шикоят нисбати ширкати"Сомон Эйр" ҳам садо медиҳад.

Ширкатҳои русии "Урал", "Ют Эйр", "Северний ветер", "Сибир S7", "Ямал" аз чор фурудгоҳи Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG