Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ танҳо арзёбии муқаддамотӣ аст ва эҳтимол дорад, он дар натиҷаи селу офатҳои дигари табиӣ афзоиш ёбад.
Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Бозорқурғони Қирғизистон сел омад. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфт, ҷамъан дар ин ноҳия 9 бинои баландошёнаи зист, беморхона, маркази савдо ва 5 пул осеб дида, як километр роҳ низ хароб шудааст.
Ҳамчунин 23 мошинро об бурдааст.
Дар ноҳияи Ноокати вилояти Ӯши Қирғизистон ҳам сел 25 километри роҳи "Телман - Кара-Кой"-ро вайрон карда буд.