Ссылки доступа

Муҳокимаи нуҳ фарди муттаҳам ба узвият дар ДОИШ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 23-уми июли соли 2024. Писари Гул Шералӣ барои насби "мигалка" дар мошинаш боздошт шуд, Ҳизби сотсиалистӣ раиси нав интихоб кард, суҳбати Муҳаммадиқболи Садриддин ва Темур Варқӣ дар арафаи бозиҳои олимпӣ, муҳокимаи нуҳ фарди муттаҳам бо узвият дар ДОИШ ва матолиби дигар. (видео)

- Дар Кӯлоб муҳокимаи 9 фарди муттаҳам бо тарконидани мошини раҳбари маҳаллии ҳизби ҳоким идома дорад. (видео)

- Тавлиди нерӯи барқ аз офтоб арзон набудааст. (видео)

- Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шуд. Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл раиси ин ҳизбро иваз кард. Ба ҷойи Рустам Раҳматзодаи 63-сола Ғиёсиддин Ашӯрзодаи 48-сола раиси ҳизб интихоб гашт. (видео)

- Ваколатдори ҳуқуқ мегӯяд, шикояти блогерони маҳбус аз ҳукми онҳо аст, на шароити зиндон. (видео)

- Баҳодур Неъмат, муаллифи "Шаб ба хайр" 70-сола шуд. Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо овозхони маъруф дар бораи таърихчаи ба и дастаи "Гулшан" пазируфта шуданаш, эҷоди таронаи маъруфи "Шаб ба хайр" ва орзуи ташкили маҳфили ҳофизхонӣ. (видео)

- Режими раводид сафар ба Туркия ва тиҷорат бо ин кишварро душвортар кардааст. (видео)

- Марде, ки дар Фархор зани ҳамсояро зада буд, ҷазо гирифт. (видео)

- Қудои сарвазири Тоҷикистон қарзашро супурда, аз боздошт раҳо шудааст. Муқим Ашӯров, соҳибкор ва қудои сарвазири Тоҷикистон аз боздошт раҳо шуд. Муқим Ашӯров гуфт, иттиҳоми қаллобӣ ки ба ӯ заданду дастгираш карданд, як нофаҳмӣ буд. Соҳибкори тоҷик афзуд, моҷаро сари қарз буд, ки пардохт ва ҳоло ба кораш идома медиҳад. (видео)

- Писаронашро дастгир карданду имзои падарро гирифтанд. Ҷанҷол сари қимати хона дар шаҳри Душанбе ба гуфтаи як сиёсатмадори тоҷик сабаб шудааст, ки фарзандони ӯро дастгир ва худашро маҷбур кунанд, зери санади дилхоҳи ширкати роҳсозӣ имзо кунад. (видео)

- Чаро сиёсатмадори тоҷикро дастгир карданд? Зафари Суфӣ, рӯзноманигори тоҷик аз Фаронса дар вокуниш ба боздошти Шокирҷон Ҳакимов гуфт, дар кишвар ҷой барои рушанфикрон танг шудааст. Зафари Суфӣ бовар дорад, ки боздошти ӯ идомаи “шикори рӯшанфикрон дар кишвар аст”. (видео)

- Аз хурдӣ дар Амрико таҳсил кардан мехоҳед? Аз пайдо шудани барномае, ки ҷавонони тоҷик аз тариқи он барои таҳсил ба Амрико мераванд, 30 сол гузашт. Садҳо ҷавони тоҷик ба ин васила имкони таҳсил дар Амрикоро пайдо карданд. Дар ҳамоише дар Душанбе онҳое, ки аз тариқи ин барнома барои хондан ба Иёлоти Муттаҳида рафта буданд, ҷамъ омаданд. (видео)

- Шокирҷон Ҳакимов боздошт шудааст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст. Наздиконаш аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ карданд, аммо як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва дигар наомад. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 17-уми июли соли 2024. (видео)

- Дар Басманда ба ҷойи Ҳаҷ роҳи деҳаро таъмир кардаанд. Дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирону сокинон роҳ месозанду шароити зиндагии мардумро осонтар мекунанд. Иддае аз соҳибкорону тавонмандон ба ҷойи зиёрати ҷойҳои муқаддас қисмате аз пули худро барои обёриву кашидани хатти барқ додаанд. (видео)

- "Зери шиканҷа ҷурми нокардаро ба гардан гирифтем". Дар додгоҳ ду фарди муттаҳам ба кушторе дар ноҳияи Конибодом гуфтаанд, ки зери шиканҷа ҷурмро ба гардан гирифтаанд. (видео)

- Камобӣ дар Осиёи Марказӣ теъдоди муҳоҷиронро зиёд кардааст. Дастрасии кишоварзони Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон ба оби обёрӣ сол ба сол сахттар мешавад ва теъдоди зиёде аз онҳо аз кишти зироатҳои обталаб даст мекашанду саъй мекунанд, аз ҳар роҳе боғу дарахтони худро сарсабз нигаҳ доранд. (видео)

- Зарбаи сели харобиовар ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон. (видео)

- Видеои ҳамла ба Трамп. Доналд Трамп, президенти собиқи ИМА ва ҳоло довталаб ба номзадии курсии президентӣ дар як сӯиқасд захмӣ шудааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Батлери аёлати Пенсилвания ҳангоми суханронии Трамп дар маъракаи пешазинтихоботиаш рух дод. (видео)

- Қиссаҳои муҳоҷирони ихроҷшуда дар бораи бераҳмӣ дар боздоштгоҳи Сахарово (видео)

- Нишасти НАТО бо ваъдаи кумак ба Украина хотима ёфт. (аидео)

- "Хонаамонро вайрон накунед!" Сокинон ба ҷуброни муносиб аз ширкати сохтмонӣ эътимод надоранд. (видео)

- Маймун пирӯзии Испанияро дар Ҷоми футболи Аврупо пешбинӣ кардааст. Маймуне дар Боғи ҳайвоноти Дортмунди Олмон пешбинӣ кардааст, ки рӯзи 14-уми июл Испания бар Англия пирӯз шуда, соҳиби Ҷоми футболи Аврупо мегардад. (видео)

- Модар иддао дорад, ки барои раҳоии писараш милиса аз ӯ пул хостааст. Додситонии Суғд қабул надорад, ки чунин ҳодиса рӯй додааст. (видео)

- Таътили кӯдакон дар фароғатгоҳҳои Кӯлоб хуб, вале гарон будааст (видео)

- Чупик: "Ҳадаф аз таъқиби муҳоҷирон ҷалби таваҷҷуҳ ва пулситонӣ аст!". (видео)

- Баҳси бепоёни "замини президентӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо судури ҳукме аъзои як хонаводаро аз ҳаққи истифодаи замини президентӣ маҳрум кард. Аъзои ин хонавода ҳукмро ноодилона хонда ба додгоҳи вилоятӣ шикоят карданд. (видео)

- Ҷаримаҳо бештар ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия осонтар мешавад. (видео)

- Қадам Исматов: "Бар пояи туҳмат аз шаҳрвандии Русия маҳрум шудаам!". Байни обу ҳаво ва бе шиносномаву шаҳрвандӣ. Зодаи Тоҷикистон Қадам Исматов, ки соли гузашта баъди будубоши 30-сола аз Русия ихроҷ шуда, дар Тоҷикистон ним сол бо иттиҳоми ифротгароӣ дар боздошт буд, аз якбора беҳуҳуқ шуданаш дар хоки ин ду кишвар ҳайрону сарсон мондааст. (видео)

- “Чеҳраат маъқул нашуд”. Муҳоҷирон аз шеваи ихроҷашон гуфтанд. (видео)

- Мардуми Кангурт аз дасти беобӣ ба дод омадаанд.Тоҷикистон як сарчашмаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале мардумаш аз нарасидани оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд. Ҳукумат чанд сол боз эълон мекунад, ки барои дастрасии сокинон ба об талош дорад, вале ин мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст. (видео)

- Дар Суғд баҳси 5 кило тило бо “Имон” поён наёфтааст. Як хонавода дар Суғд бо бонки "Имон" бар сари панҷ килло тилло баҳс доранд. Ин хонавода иддао дорад, ки чанд сол пеш 5 кило тиллоро дар бонк ба гарав гузоштанд, вале бонк дигар онро пас надод. Баҳси тилло як узви хонавода ва як корманди бонкро ба зиндон бурд, вале мушкил ҳал нашуд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG