Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, ҷамъан 9 бинои баландошёнаи зист, беморхона, маркази савдо ва 5 пул осеб дида, як километр роҳ низ хароб шудааст.
Ҳамчунин сел 23 мошинро бурдааст.
Рӯзи 23 июл дар ноҳияи Ноокати вилояти Ӯши Қирғизистон ҳам сел омадааст. Дар натиҷа 25 километри роҳи "Телман - Кара-Кой" вайрон гашта, ҳаракат тавассути он қатъ гаштааст.